Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин густариши ҳамкории Тоҷикистону Русияро баррасӣ кард

20 ноябр Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Русия Владимир Путин мулоқот кард. Ба иттилои манбаъ, сарвари Тоҷикистон меҳмони худро ба кишвар хайрамақдам гуфта, ҳар ду ҷониб аз сатҳи муколамаи сиёсии байнидавлатӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.
Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои гуногуни ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба баррасӣ шудаанд. Раҳмон ва Путин ба рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, аз ҷумла дар бахшҳои энергетика, саноат, истихроҷи маъдан, кишоварзӣ ва нақлиёт таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд. Ҳамчунин, ҷонибҳо барои зиёд кардани сармоягузорӣ дар соҳаҳои афзалиятнок ва густариши ҳамкорӣ дар рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ, хизматрасониҳои электронии давлатӣ ва амнияти киберӣ изҳори омодагӣ намудаанд.
Ба гуфтаи манбаъ, дар рӯзномаи мулоқот робитаҳои гуманитарӣ низ ҷой доштанд. Сарони ду давлат рушди ҳамкорӣ дар маориф, илм ва фарҳангро муҳим шуморида, сохтмони Маркази байналмилалии кӯдакони боистеъдод ва Театри драмавии русии ба номи Маяковский дар Душанберо баррасӣ кардаанд. Масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ низ матраҳ шудаанд.
Раҳмон ва Путин дар бораи вазъи минтақа ва роҳҳои муқовимат ба хатарҳои амниятӣ, аз ҷумла терроризм, экстремизм, таҳдидҳои киберӣ ва қочоқи маводи мухаддир табодули назар кардаанд. Ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ниҳодҳои дахлдори ду кишвар мусбат арзёбӣ шудааст.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо таъкид кардаанд, ки идомаи робитаҳо метавонад ба шарикии стратегии Тоҷикистону Русия мазмуни амалӣ бахшад. Ҳамчунин, масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ шудаанд.
Sursa ↗